Дар идомаи сафар иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр аз хоҷагии деҳқонии Ҳамро Мукаррамов боздид намуд
Дар идомаи сафар иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр аз хоҷагии деҳқонии Ҳамро Мукаррамов боздид намуда, дар маъракаи шинонидани картошка ширкат варзид ва бо фаъолияти кишоварзон аз наздик шинос гардид.
Маврид ба зикр аст, ки кишоварзӣ соҳаи асосии иқтисодиёти деҳоти Кӯлканд ба ҳисоб меравад. Масоҳати умумии заминҳои кишоварзӣ зиёда аз 2513 гектар буда, аз он 2037 гектар боғот ва 476 гектар заминҳои корам мебошанд. Дар ҷамоат 1420 хоҷагии деҳқонӣ фаъолият дошта, аҳолӣ асосан ба боғдорӣ, парвариши маҳсулоти кишоварзӣ ва таъмини бозор бо маҳсулоти ватанӣ машғул мебошад. Дар рафти сафари корӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумъазода таваҷҷуҳи кишоварзонро ба масъулаҳои истифодаи самараноки ҳар як қитъаи замин, зиёд намудани истеҳсоли картошка, мева ва маҳсулоти содиротӣ, ҷорӣ намудани усулҳои муосири обёрӣ ва технологияи кишоварзӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии боғот, рушди кооператсия ва дастгирии хоҷагиҳои деҳқонӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар бахши аграрӣ ҷалб намуд.
Шаҳрдори Исфара ҳамчунин дар ин рӯз аз кирмакхонаи Ҷамоати деҳоти Кӯлканд низ боздид ба амал оварда, вобаста ба пешбурди минбаъдаи ин шуғл низ андешаҳояшро арз намуд.
Сомонаи расмии МИҲД
Исфара