Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид

ДУШАНБЕ, 30.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 29 апрел таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, дар баробари натиҷагирӣ аз рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи якуми соли 2026 ва вазифазифагузориҳо барои то охири соли 2026 Стратегияи рушди соҳаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040, Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2026-2030, Барномаи давлатии рушди хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 ва ҳисобот оид ба заминҳои мавҷуда, тақсимоти онҳо аз рӯйи гурӯҳҳо, намудҳо ва истифодабарандагони замин ба ҳолати 1 январи соли 2026 баррасӣ гардида, аз рӯи онҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар». Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар таваҷҷуҳи аъзои Ҳукумат, роҳбарони вазорату идораҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва дигар ташкилоту муассисаҳоро ба иҷрои ҳатмӣ ва самарабахши дастуру супоришҳои Президент ва Ҳукумати кишвар ҷалб намуданд. Ҳамчунин оид ба вусъати корҳои созандагию ободонӣ ва таҳияи барномаҳои сазовори фарҳангӣ ба истиқболи ҷашни умумимиллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастурҳо дода шуд. АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои нав