Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат,
Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамоати дехоти Кӯлканд қабули шаҳрвандон баргузор гардида, 33 нафар сокинон бо масъалаҳои вобаста ба замин, таъминоти иҷтимоӣ, инфрасохтор, роҳу об ва дигар мушкилоти рӯзмарра муроҷиат намуданд.
Дар ҷараёни он иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумъазода пас аз қабул ва бо диққат шунидани арзи шаҳрвандон дар назди масъулин дар робита бо баррасии фаврии муроҷиатҳо, ҳалли масъалаҳои ҳалталаб дар муҳлатҳои муайян, тақвияти робитаи мустақими мақомоти маҳаллӣ бо аҳолӣ супоришҳои мушаххас гузошт.
Сомонаи расмии МИҲД
Исфара