ВОХӮРӢ БО ХОДИМОНИ ДИН

Мувофиқ ба дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумъазода бо имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақтаи шаҳру деҳоти Исфара вохӯрии корӣ баргузор намуд. Дар мулоқот масъалаҳои муҳимми иҷтимоӣ ва маънавӣ, аз ҷумла риояи қонунгузории миллӣ, таҳкими маърифати ҳуқуқӣ ва пешгирии падидаҳои номатлуб дар ҷомеа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.Зимни вохӯрӣ таъкид гардид, ки фаъолияти муассисаҳои динӣ бояд мутобиқ ба талаботи ҚонуниҶумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ" ба роҳ монда шуда, имомхатибони 12 масҷидҳои ҷомеъ ва 100 масоҷиди панҷвақтаишаҳру деҳоти Исфара дар таҳкими суботи ҷомеа, тарғиби арзишҳои миллӣ, дарниҳоди насли ҷавон ҷой намудани меҳри Ватан ва эҳтиром ба қонун ҳанӯз ҳам фаъолнокии бештар зоҳир намоянд. Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр таваҷҷуҳи ҳозиринро ба масъалаи пешгирии шомилшавии шаҳрвандон, бахусус ҷавонон, ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ҷалб намуда, таъкид кард, ки ҳамкорӣ миёни мақомоти давлатӣ ва ходимони дин дар доираи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» боз ҳам тақвият дода шавад. Ҳамзамон, масъалаи пешгирии тамоюли майл ба фарҳанги бегона, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои неки мардум баррасӣ гардид. Қайд карда шуд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ баланд бардоштани маърифати маънавию ахлоқии ҷавонон яке аз омилҳои асосии таъмини амнияти ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Хабарҳои нав