Нақши Пешвои миллат дар рушд ва эҳёи арзишҳои фарҳанги миллӣ

Бо ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Истиқлоли давлатӣ дар мадди аввал идеяи миллӣ, худшиносӣ ва ҳувияти тоҷиконро ташаккул ва таҳким бахшид. Тафаккури арзишфаҳмӣ ва дидгоҳи мардумро нисбат ба давлат, халқ, миллат, забону фарҳанг, анъанаву расму ойинҳо дигаргун кард. Дуюм, истиқлолият дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон ба он мусоидат кард, ки забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ пайдо карда, вазифаи забони расмӣ-давлатдориро иҷро намояд. Расму анъанаҳо, ҷашнҳои аҷдодӣ эҳё ёфта, рушд кунанд, ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ навсозӣ ва барқарор гарданд, арзишҳои фарҳанги миллӣ дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ шуда, ба мероси ғайримоддии ҷаҳонӣ ворид гарданд. Ба ин гуфтаҳо бо як андешаи Пешвои миллат, ки дар бобати арзиши бегазанд доштани падидаи истиқлол баён доштаанд, метавон равшанӣ бахшид, ки муҳтавои он чунин аст: «Бо шарофати Истиқлоли давлатӣ забони тоҷикӣ ба феҳристи забони давлатҳои мустақили ҷаҳон дохил шуд, барои шинохти миллати тоҷик ба сифати як халқи дорои ҳама аломату нишонаҳои миллати таърихӣ заминаҳои сиёсӣ фароҳам овард ва дар ориёшиносӣ ва ё эронишиносии муосир шохаи сифатан нави тоҷикшиносӣ ҷойи расмӣ ва мустақиле барои худ пайдо кард». –Тавассути ба даст овардани истиқлол давлатдории миллии тоҷикон ҳуқуқ пайдо кард, ки сарватҳои табиии худро ҳифз кунад, барои рушди ҷомеа истифода барад, модели иқтисодии дурнамои рушдро тарҳрезӣ созад ва манфиатҳои миллиро ҳимоя намуда, шароитро барои баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии шаҳрвандон ва коҳиш додани сатҳи камбизоатии аҳолӣ муҳайё созад. Инчунин арзиши баланди инсонӣ ва ё антропологии падидаи истиқлолро эътироф ва қадр кардан шаъну шарафи шаҳрвандон, ҳуқуқ ва озодиҳои онҳоро ифода менамояд. Аз ин рӯ, истиқлол танҳо мафҳуми сиёсӣ нест, балки шараф, ҳувият ва шарти бақо ё ҷовидонагӣ барои миллати тоҷик мебошад. Дар робита ба ин гуфтаҳо месазад иброз дошт, ки Пешвои муаззами миллат на танҳо бунёдгузори давлатдории миллии тоҷикон дар шароити ҷомеаи муосиранд, балки эҳёкунанда, муҳофизи асил ва муаррифи арзишҳои фарҳангии миллӣ: низоми давлатдорӣ, забон, расму маросим, ҷашнҳои миллӣ ва ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ дар арсаи байналмилалӣ мебошанд. Махсусан, андешаи таърихсоз, ҷовидона ва фарҳангустаронаи Президенти Тоҷикистон «ман аввал тоҷикам, баъд мусулмон» аз ҳисси баланди миллатдӯстӣ, маънавиятгустарӣ, садоқати бепоёнашон нисбат ба арзишҳои фарҳанги миллӣ ва дурнамои рушди онҳо гувоҳӣ медиҳад. Воқеан, фарҳанг ҳастии миллат ва муаррифи арзишҳои миллӣ дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Муҳофиз, эҳёгар ва соҳибикунандаи асосии он дар давраи истиқлол Пешвои муаззами миллат мебошанд. Дар ин самт хизматҳои Пешвои миллат зиёданд, ки ҳар кадом таҳқиқоти алоҳидаро талаб мекунад. Бо вуҷуди ин, муҳимтарини онҳоро метавон ба таври зайл гурӯҳбандӣ намуд: — зимни татбиқи сиёсати фарҳангии мамлакат оқилона ва дурбинона модели фарҳанги сулҳофариро, ки маҳаки онро баррасӣ ва ҳалли низою муқовиматҳо бозтобӣ медорад ва он омили асосии таъмини амнияту суботи кишвар мебошад, коркард карда, дар амалия татбиқ намуданд. Бесабаб нест, ки Кофи Аннан — Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид низ борҳо дар бобати мактаби сулҳофарии тоҷикон тавассути минбарҳои баланди байналмилалӣ изҳори назар карда, бавижа иброз дошта буд, ки «Тоҷикистон барои бисёр мамлакатҳои дигар дар ҳалли муноқишаҳои дохилӣ сабақи беназир дод. Фикр мекунам, ки ин саҳми Тоҷикистон дар таърихи эҷоди сулҳ беназир мебошад». — тавассути сиёсати оқилона ба роҳ мондани муносибатҳои дипломатӣ аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кишварҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар доираи созмону ташкилоти бонуфузи байналмилалию минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид (СММ), Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД), Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) ва Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ), ҳамчунин бо шарикони рушд ва ниҳодҳои молиявӣ аз як тараф, ҷойгоҳи Тоҷикистонро дар байни кишварҳои ҷомеаи башарӣ мустаҳкам ва аз тарафи дигар, ба рушди фарҳанги миллӣ ва рушди зерсохторҳои он мусоидат намуд; — Пешвои тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳақиқат аз зумраи сарварони дурандеше мебошанд, ки на танҳо ба ҳаллу баррасии масъалаҳои дихилии Тоҷикистон пайваста таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд, балки ташаббускор ва пешниҳодкунандаи масоили мубрами дорои хусусияти умумибашарие низ мебошанд, ки ҷомеаи инсонӣ ба ҳаллу рафъи онҳо ниёз дорад; — бо ибтикороти наҷиб ва фарҳанггустаронаи Пешвои миллат ташкил ва баргузории чорабиниҳои сатҳи давлатӣ ва байналмилалӣ бахшида ба таърихи таъсиси шаҳрҳои қадимии кишвар, ки дорои бозёфтҳои нодири фарҳангӣ буда, намунаи беҳамтои тамаддуни башариро ташкил медиҳанд. Аз ҷумла: 2500 – солагии шаҳри Истаравшан (соли 2002); 2700 – солагии шаҳри Кӯлоб (соли 2006); 3000 – солагии шаҳри Ҳисор (2015); 5500 – солагии Саразм (соли 2020); эълон шудани Душанбе – пойтахти фарҳанги исломӣ (соли 2010) ва фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (соли 2021); пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил эълон гардидани шаҳри Кӯлоб (соли 2015); шаҳри таърихию бостонии тоҷикон эълон гардидани Хуҷанд (соли 2025); шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сӯзанидӯзӣ эълон гаштани Панҷакент (соли 2025) ва ғайра, ки дастоварди назарраси давраи истиқлол мебошанд; — бо ҳидоятҳои Пешвои миллат таҳия ва қабул кардани қарору қонунҳо, барномаҳои давлатии марбут ба соҳаи фарҳанг заминаи ҳуқуқиро барои фаъолияти муассиса ва зерсохторҳои соҳаи фарҳанг пайдо намуд; — татбиқи ин қарору қонунҳо ва амалӣ кардани барномаю стратегияҳои давлатӣ имконият фароҳам овард, ки дар даврони истиқлол “дар ҷумҳурӣ 3539 муассисаи фарҳангӣ, аз ҷумла 18 театри касбӣ, 8 муассисаи консертӣ, 96 муассисаи таълимии соҳаи фарҳанг ва санъат, 1362 китобхонаи давлатӣ-оммавӣ (аз ин теъдод 76 китобхонаи бачагона), 323 қаср ва хонаи фарҳанг, 389 клуб, 42 клуби сайёр, 19 маркази фарҳангу фароғатӣ, 7 филармонияи халқӣ, 93 боғи фарҳангӣ-фароғатӣ, 22 театри халқӣ, 56 осорхона, 14 хона-осорхона, 24 ансамбли тарона ва рақс, 16 ансабли шашмақомхонон, 8 ансамбли фалаксароӣ, 7 ансамбли эстрадӣ, 12 ансамбли фолкролӣ-этнографӣ, 19 ансамбли рақсӣ, яктогӣ ансамблҳои ҳаҷвӣ, адабӣ-бадеӣ, карнайнавозон, доирабадастон, 9 шабакаи телевизионӣ, 6 шабакаи радиошунавонии маҳаллӣ пурмаҳсул фаъолият намоянд”; — соли 2000 — ум ба имзо расидани фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи инкишофи минбаъдаи санъати Шашмақом дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва мувофиқ ба он мақоми давлатӣ додан ба ансамбли «Шашмақоми ба номи Ф.Шаҳобов», эълони 12 май ҳамчун «Рӯзи Шашмақом», ба имзо расидани фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 ноябри соли 2001 «Дар бораи таъсиси ансамбли давлатии «Фалак», эълон намудани 10 октябр ҳамчун ҷашни «Фалак» на танҳо ба эҳё ва таҳаввули фарҳанги мусиқӣ, балки муаррифии ин мероси гаронарзиш дар арсаи байналмилалӣ ба ҳисоб мераванд. Дар доираи ин ҷашнҳо баргузор кардани озмуну фестивалҳои байналмилалӣ ва ҷалби наврасону ҷавонони боистеъдоду ҳунарманд, санъаткорон ва мусиқашиносони кишварҳои ҳамсоя ва ҳамҷавори фарҳанги ориёиасл ба ин озмунҳо далолат аз он мекунад, ки Шашмақом ва Фалак мероси фарҳанги ғайримоддӣ, арзишҳои олии фарҳанги мусиқии миллӣ мебошанд; — арҷгузорӣ ба ёдгориҳои хаттӣ ва таҷлили солгарди шахсиятҳои таърихӣ-сиёсӣ, чеҳраҳои илму фарҳанги тоҷик дар давраи истиқлол ҷузъи дигари сиёсати фарҳанггустарии Пешвои миллатро бозтобӣ медоранд. Бо ташаббус ва дастгирии Президенти Тоҷикистон арзишҳои нодири меросмондаи гузаштагон дар сатҳи замонавӣ таъмиру бозсозӣ карда шуданд. Аз қабили Мақбараи Шайх Муслиҳиддин дар шаҳри Хуҷанд, Мақбараи Шайх Абулқосим Гургонӣ, Хона-осорхона ва мақбараи шоир Нақибхони Туғрал, Манораи Варзи Манор, оромгоҳи Шамси Табрезӣ дар деҳаи Вешаби ноҳияи Айнӣ, Масҷиди Ҳафзи Сангин, Масҷиди Савристон, Мақбараи Абдулқодири Гелонӣ, Масҷиди Мавлоно Усмони Чархӣ дар шаҳри Истаравшан, Қалъаи Ӯрда, Масҷиди Қалъа дар шаҳри Исфара, Мақбараи Хоҷа Аҳмади Бузург, Мақбараи Муҳаммади Башоро, Мақбари Рӯдакӣ, Қалъаи Санҷаршоҳи шаҳри Панҷакент, Мақбараи Хоҷа Қутбиддин, Қалъаи Балҷувон дар ноҳияи Балҷувон, Девор ва дарвозаи Қалъаи Ҳулбук, Мақбараи Ҳулбуки ноҳияи Восеъ, Мақбараи Мавлоно Тоҷиддин, Мақбараи Мавлоно Обиддин, Мақбараи Хоҷаи Зарин дар ноҳияи Данғара, Мақбараи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар шаҳри Кӯлоб, Мақбараи Хоҷаи Нур, Қалъаи Муъминобод, Мақбараи Шоҳи Хомӯш дар ноҳияи Муъминобод, Мақбараи Ҳазрати Султон дар ноҳияи Ховалинг, Мақбараи Зайналобиддин дар ноҳияи Ҷилликӯл (ҳоло Дӯстӣ), Мадрасаи Хоҷа Машҳад, Мақбараи Хоҷа Дурбод дар ноҳияи Шаҳритӯс, Мақбараи Холбой Қара дар шаҳри Ваҳдат, Хоҷа Саид Абдуллатиф дар ноҳияи Рӯдакӣ, Дарвозахонаи Арк, Мадрасаи Куҳна, Масҷиди Сангин, Мақбараи Маҳдуми Аъзам дар шаҳри Ҳисор, Қалъаи Вомар дар ноҳияи Рӯшон ва ғайра. Дар баробари таҷдиду навсозии ёдгориҳои таърихӣ, инчунин солгарди бозёфтҳо ва шахсиятҳои зерин дар сатҳи давлатӣ ва байналмилалӣ таҷлил карда шуд: 2700-солагии Авесто (соли 2001); Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ (соли 2006); 1310-солагии Имом Абуҳанифа (соли 2009); 1150-солагии Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (соли 2008); 1100-солагии давлати Сомониён (соли 1999); 1145-солагии Абуалӣ ибни Сино (соли 2025); 1000-солагии «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ (соли 1994); 1000-солагии Носири Хусрав (соли 2004); 960-солагии Умари Хайём (соли 2001); 800-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ (соли 2024); 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (2015); 700-солагии Камоли Хуҷандӣ (2020); 600-солагии Абдураҳмони Ҷомӣ (2014) ва ғайра; Пешвои миллат сарвари тоҷикони ҷаҳон мебошанд. Аз ин лиҳоз Анҷумани «Пайванд», ки 28 октябри соли 1989 дар партави созмони «Родина»-и ИҶШС ҳамчун «Анҷумани байналмилалии тоҷикон ва ҳамватанони хориҷӣ» ташкил ёфт ва аввалин сарвари он донишманди маъруфи тоҷик Муҳаммад Осимӣ буд, ҳамин рисолатро мебозид. Соли 1993 созмони мазкур тағйири ном карда, ба «Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон» табдил дода шуд. Ҳадаф аз ташкили он барқарор кардани робита бо ҳамватанон ва кулли форсизабонон, ки дар кишварҳои хориҷӣ сукунат доштанд, ба ҳисоб мерафт. Соли 1993 баъди интихоб гардидани Президенти Тоҷикистон ба вазифаи сарвари ин созмон фаъолияти он густурда гашта, тавонист нақши худро барои мустаҳкам гардидани мунсибатҳои фарҳангӣ, илмию эҷодӣ байни форсизабонон, пойдории забон, рушди ҳаёти иқтисодӣ, таҳаввули соҳаҳои сайёҳию тиҷорат ва муаррифии арзишҳои фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ муассир гардонад. Бо ташаббус ва талошҳои бардавоми Президенти Тоҷикистон ба феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарият дохил шудани арзишҳои фарҳанги миллии тоҷикон нуфуз ва эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам зиёд кард. Вобаста ба соли сабтшавӣ ин бозёфтҳоро ба шакли зайл меорем: «Шашмақом» (соли 2008, ҳамроҳ бо Ҷумҳурии Узбекистон); «Саразми бостон» (2010), «Боғи миллии Тоҷикистон» (2013); «Оши палав ҳамчун хӯроки анъанавӣ ва фазои иҷтимоию фарҳангии он дар Тоҷикистон» (2016); «Наврӯз» (2016, ҳамроҳ бо ҷумҳуриҳои Афғонистон, Эрон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Ироқ, Покистон, Туркия, Туркманистон ва Ҳиндустон); «Чакан — ҳунари гулдӯзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2018); мусиқии суннатии «Фалак» (2021), «Анъанаҳои кирмакпарварӣ ва истеҳсоли абрешим барои матоъбофӣ» (2022, муштарак бо ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Узбекистон, Озарбойҷон, Туркия, Туркманистон); «Суннати латифаҳои Хоҷа Насриддин Афандӣ» (2022, муштарак аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Озарбойҷон, Туркия, Туркманистон); «Донишу таҷрибаҳои анъанавии истеҳсоли матоъҳои атласу адрас» (2023); «Ҷашни Сада» (2023, муштарак бо Эрон); «Тазҳиб — санъати зарҳалкорӣ» (2023, муштарак бо кишварҳои Эрон, Озарбойҷон, Туркия, Узбекистон); «Санъати сохту навохтани рубоб» (2024, ҳамроҳ бо Афғонистон, Эрон ва Узбекистон), «Ҷашни Меҳргон» (2024, ҳамроҳ бо Эрон); «Маҷмуи ёдгориҳои «Хутали Қадим» (2025, ба таркиби бозёфтҳои «Хутали Қадим» дохил мегарданд: Дайри буддоии Аҷинатеппа; Қалъаи Ҳулбук ва шаҳристони он; Манзаратеппа; Қалъаи Золи Зар; Мақбараи Мавлоно Тоҷиддин; Ҳалевард (Кофирқалъа); Шаҳристони Золи Зар; Ковонсаройи Тоҳир; Шаҳртеппа; Дайри будоии Хишттеппа); «Фарҳанги суманакпазӣ» (2025) ва ғайра; — эҳё ва муаррифии ҷашнҳои миллӣ аз хизматҳои ниҳоят шоиста ва мондагори Пешвои миллат мебошад. Махсусан, Наврӯз ҳамчун падидаи табиӣ-фалсафӣ ва ҷашни сари сол дар тамоми давраҳои таърихӣ муарриф ва ҳимоятгари миллат ва арзишҳои миллӣ аз ҳама гуна фишорҳо, маҳдудият, монеаҳо ва бархӯрдҳо рисолати худро иҷро кардааст. Он дар баробари рушд ва таҳаввул тоҷиконро на танҳо ҳамчун миллати соҳибфарҳанг шиносонид, балки собит намуд, ки фарҳанги тоҷикон заминаи асосии ташаккули тамаддуни ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад. Яъне, дар арсаи байналмилалӣ таҷлил кардани Наврӯз далели қудрати офарандагӣ ва муттаҳиднамоӣ доштани ин ҷашни бостонии ориёӣ мебошад. Бобоҷон САМИЕВ, сарходими илмии шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Хабарҳои нав